Бузургтарин ширкати пешоҳанг дар бахши фанноварии технологӣ Tcell шарики расмии баргузории чорабинии Digital Impactathon аз TajRupt ва UNICEF гардид. Ҳадафи аслӣ ва меҳварии ин хакатони технологӣ ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ҳалли масоили марбут ба имконоти маҳдуди дастрасӣ ба манобеъи технологӣ дар шароити деҳоти Тоҷикистон унвон мешавад.

Дар ҳоли ҳозир қабули дархостҳо анҷом ёфта, беш аз 70 дастаи ҷавонони аз 14 то 29-сола созмон ёфтааст, ки онҳо тарҳу идеяҳои худро пешниҳод сохта, барои дарёфти ҷоизаҳои асосӣ талош хоҳанд кард. Фонди мукофоти озмун 10000 сомониро ташкил медиҳад.

Ширкати Tcell дар навбати худ ба се дастаи ғолиб дастрасии ройгони Интернетро барои 1 сол таъмин менамояд! Барандагони мақоми сеюм соҳиби Интернети тарофаи нақшавии 4G Белимит L барои 3 моҳ; тиме, ки ҷои дуюмро ишғол менамояд, барои 6 моҳ ва барандагони асосӣ соҳиби Интернети ройгон барои 1 сол мешаванд!

Ҳамаи дастаҳо мавзӯъи вижаи таҳқиқ (case study)-ро, ки дорои асоси воқеъӣ дар бораи яке аз хонандагон аз рустоҳо мебошад ва мушкилоти иҷтимоӣ доранд, мегиранд. Дар давоми  72 соат дастаҳо ба гунаи маҷозӣ прототипи идеяҳои худро, ки ба беҳсозии дастрасӣ ва дарки ҷавонон ба     асосҳои омӯзиши диҷитол равона шудаастро месозанд.

Ширкати Tcell ҳамчун як ширкати иноватсионӣ дар фаъолияти рӯзмараи худ барои воридсозӣ ва татбиқи технологияи навоварона ва пешрафта саъй карда, барои касби эътимоди муштариён талош меварзад.

Яке аз бахшҳои асосӣ ва калидии фаъолияти ширкат - рушди фазои диҷитол (рақамӣ) дар Тоҷикистон ва татбиқи мӯҳтаво (контент)-и локалӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет аст.

Идея ва ё ғояи аслии Digital Impactathon –ба ҷавонон додани имконият барои пешниҳоди назария ва диди инфиродии онҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳими иҷтимоӣ–таъмини дастрасии ҳар як тоҷикистонӣ ба омӯзиши рақамӣ маҳсуб меёбад.

___________________

 Tcell  - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

 Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.