Аз замони сабти аввалин ҳолатҳои бемории илтиҳоби шуши махсус то имрӯз дар муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд 3093 нафар табобат гирифтаанд, ки 2347 нафарашон сокинони шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки 1553 кас дар бемористону 794 нафар дар марказҳои саломатӣ муолиҷа гирифтанд. Аз моҳи феврал то имрӯз 1789 нафар муҳоҷироне, ки аз хориҷи кишвар омаданд, дар карантин қарор доштанд.

“Доир ба шумори дақиқи сироятёфтагон аз коронавирус дар маркази вилоят, байни табибон, инчунин далелҳои фавт аз COVID-19 дар нишасти матбуотии Раёсати тандурустии вилояти Суғд рӯзи 21 июл маълумоти муфассал ва таҳлили ҳамаҷониба пешниҳод мешавад”, - гуфт Маъруф Муҳаммадзода.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода қайд кард, ки аз оғози сабти нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд 4 госпитал - беморхонаи вилоятӣ, таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи шаҳрии №2 ва беморхонаи шаҳрии сироятӣ барои табобати ин гуна беморон омода шуда, фаъолият мекарданд.

“Ҳозир вазъ рӯ ба беҳбудӣ оварда, мувофиқи маълумоти оморӣ, дар беморхонаҳои вилоят 50 нафар муолиҷа мегиранд, ки 35 нафарашон муҳоҷирони ба ватан баргаштаанд. Боқимонда дар хонаҳояшогн табобат мегиранд. Маълумот дар бораи шаҳрвандони ба беморхона овардашуда бо касалии илтиҳоби шуши махсус ё ташхиси тасдиқшудаи COVID-19 дарҳол ба Маркази назорати санитарӣ-эпидемиологӣ фиристода мешавад”, - гуфт Фирӯза Нуруллозода.

Раиси шаҳр инчунин зикр кард, ки “айни замон мо ба таъмини табибон бо ҳамаи воситаҳои зарурии муҳофизатӣ имкон дорем”.

“13 корхонаи шаҳр ба маблағи беш аз 37 млн сомонӣ воситаҳои муҳофизати инфиродӣ истеҳсол карданд. Дар корхонаҳои “Ҷавонӣ” ва “САТН” истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуда, муассисаҳои тиббӣ бо он таъмин мешаванд “Нассоҷи Хуҷанд” корҷомаҳои муҳофизатӣ медӯзад”, - гуфт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки имрӯз дар Хуҷанд 75 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) вуҷуд дошта, тамоми муассисаҳои тиббӣ бо мавод ва дорувории зарурии тиббӣ таъмин мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.