Сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумат дарҳол баъди ба Тоҷикистон омадани паймонкорони Чин оғоз мегардад.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки бар асари пандемияи коронавирус паймонкорон ва коргарони Чин саривақт ҳозир шуда натавонистанд, аз ин рӯ, корҳои сохтмон дарҳол пас аз омадани онҳо шурӯъ мешавад.

“Аз сафорати Чин хабар доданд, ки айни замон ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва раводид барои онҳо омода шуда истодааст, - иброз дошт ӯ. - Рӯзи дақиқи омадани онҳо алҳол маълум нест, лекин дар муддати як моҳ бояд оянд”.

Ба гуфтаи раиси Кумита, ҳарчанд сохтмон аз ҷониби Чин маблағгузорӣ шавад ҳам, мувофиқи созишнома, 80%-и коргарон аз Тоҷикистон ба кор қабул мешаванд.

“Биноҳо хеле бузург буда, бинобар ин, мавриди истифода қарор додани онҳо дар муддати се сол пешбинӣ шудааст”, илова кард ӯ.

Гранти Чин

Созишнома дар бораи ҷудо кардани кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 1,5 млрд. юан (215 млн. доллар) барои сохтмони бинои парлумон ва маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон байни ҳукуматҳои ҳар ду кишвар моҳи сентябри соли 2017 зимни сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин имзо шуда буд.

Баъди як сол байни ҳукуматҳои ҳар ду кишвар дар бораи додани кумаки бебозгашти иловагӣ дар ҳаҷми 900 млн. юани чинӣ ($129,5 млн)  барои омода ва амалисозии лоиҳа оид ба сохтмони ин манзилҳо, лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёту хизматрасонӣ, фарҳанг ва маориф созишнома ба имзо расид.

1/7

Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Бинои ҳукумати Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад. Масоҳати қитъаи замини маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.