16-умин синамобазми “Бо ҳам пирӯз шудем” («Победили вместе») дар шаҳри Севастополи Русия аз 27-уми август то 4-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” яке аз даъватиёни он Далер Имомалӣ иттилоъ дод, ин кинофестивал бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бояд нимаи моҳи май баргузор мешуд, аммо аз сабаби шуюъи бемории COVID-19 ба санаи нав мавқуф гузошта шуд.

Вай афзуд, ки аз Тоҷикистон имсол 2 филми мустанад ба ин ҷашнвора роҳхат гирифтанд.

Дар бахши озмунӣ филми коргардон Шоҳҷамшед Умарӣ “Ҳаворӣ-2019” намоиш дода мешавад. Он аз зиндагии марди рустабори муқими шаҳри Душанбе қисса мекунад, ки ҳоло макони зисташ зери кӯпруки марказии пойтахти Тоҷикистон аст. Ин филм соли 2019 дар доираи дарсҳои омӯзишии “My Vision” таҳия шуда, аввалин маҳсули коргардонии Шоҳҷамшед Умарӣ ба ҳисоб меравад.

“ШӯрH2О” филми дигарест, ки дар бахши муаррифии “Осиё ва Аврупо”  ғайриозмунӣ иштирок мекунад. Коргардонҳои филм Дилошӯб Орифзода ва Далер Имомалӣ мебошанд. Филми мазкур аз зиндагии сокинони шаҳраки Шӯроби Исфара қисса мекунад, ки ҳоло мушкили асосии онҳо камбуди об мебошад. Ин филм аз ҷониби дафтари“Интернюс” дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва дар студия “Art-Vision” таҳия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.