Агентии “Тоҷикстандарт” аз оғози сол наздики 500 ҳазор воситаҳои озмоишро санҷида, истифодаи 7,2 ҳазори онро манъ кард.

Сардори Раёсати таъмини метрологӣ, андозаи вазн ва аккредитатсияи “Тоҷикстандарт” Ҷӯрахон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки дар Агентӣ озмоишгоҳе фаъолият дорад, ки дар он бо истифода аз таҷҳизоти нави муосир ҳисобкунакҳои барқу об санҷида мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон”, ҳисобкунакҳои барқро барои санҷиш бояд ширкати “Барқи тоҷик” ва ҳисобкунакҳои обро - идораҳои дахлдори ин соҳа пешниҳод кунанд.

Дар нишасти матбуотӣ савол дода шуд, ки чаро дар Душанбе ба ҷуз ҳисобкунакҳои истеҳсоли ду ширкати Чин, ки онҳоро шабакаи барқи шаҳр насб мекунад, ба истифодаи ҳисобкунакҳои барқи дигар истеҳсолкунандагон, масалан русиягӣ иҷоза намедиҳанд.

“Ин маълумот асоси воқеӣ надорад. Агентии “Тоҷикстандарт” ба гузаронидани санҷиш ва додани иҷозаи истифода ба ҳамаи ҳисобкунакҳое, ки  навъҳои онҳо дар Тоҷикистон расман эътироф шуда, ба Рӯйхати давлатии воситаҳои андозагирии ҶТ сабт шудаанд, омода аст”, - посух дод ба ин саволи рӯзноманигорон Ҷӯрахон Раҳимзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.