Дар ҳар кадоме аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе - дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2-то ва дар се ноҳияи боқимонда 1-тогӣ ярмарка фурӯши либос ва асбобу лавозимоти мактабӣ кушода шудааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ярмаркаҳо-фурӯши либосҳои мактабии ноҳияи Фирдавсӣ дар майдони савдои назди “Корхонаи нассоҷӣ (Текстилкомбинат), Шоҳмансур - дар “Ёқут-2000”, Сино - дар ҶДММ “Наргис” (маҳаллаи 102-юм) ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ - дар корхонаи “Гулистон” ва ҶДММ “Наргис” (Театри опера ва балет) амал мекунанд.

Зимнан зикр шуд, ки чунин ярмаркаҳо-фурӯши либос ва асбобу лавозимоти мактабӣ дар саросари кишвар ташкил карда шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технолгоияҳои нав, айни замон корхонаҳои дӯзандагии ҷумҳурӣ қодиранд, ки талаботи кишварро бо либоси мактабӣ комилан қонеъ созанд.

Сурат аз novosti.tj

Ярмаркаҳо-фурӯши либос ва асбобу лавозимоти мактабӣ дар пойтахт 15 июл боз гардида, то 15 август кор мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.