Зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода изҳор дошт, ки дар қаламрави вилоят бар асари сирояти коронавирус 16 нафар вафот кардаанд.

Ӯ қайд кард, ки аз оғози изҳорот дар бораи мавҷудияти коронавирус дар кишвар (30 апрел) то имрӯз дар вилоят 1938 сироятёфтагон аз ин вирус сабт шуда, 1891 кас шифо ёфта,  16 нафар аз COVID-19 фавтиданд ва боз 31 нафар айни замон дар бемористонҳо муолиҷа мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, 7 ҳазору 117 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз сарҳад гузаштанд, муддати 14 рӯз дар беморхонаҳои вилоят таҳти муоинаи табибон ба карантин гирифта шуда, пас аз манфӣ баромадани натиҷаи ташхис ба коронавирус ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Мақсудзода қайд кард, ки замони пандемия дар қаламрави вилоят 5 госпитал (дармонгоҳи махсус) ташкил шуд: беморонро беморхонаи вилоятии клиникӣ, таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд, таваллудхонаи вилоятӣ, беморхонаи №3-и ҷамоати Х.Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва беморхонаи шаҳри Бӯстон қабул карданд.

Ёдрас мекунем, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 57 нафар бар асари сирояти коронавирус вафот карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.