Дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли равон нафақаҳо боло рафта, онҳо бори навбатӣ индексатсия (бо назардошти болоравии нарх дар давраи таваррум) мешаванд. Нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯйи синнусол 15% афзуда, нафақаи маъюбони корношоям 50% зиёд мешавад.

“Дар баробари ин мо дар нақша дорем, ки нафақаҳоро ба андозаи 8% индексатсия кунем”, - изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумат Дилмурод Давлатзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар қонунгузории Тоҷикистон индексатсияи ҳамасолаи нафақаҳо пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи қонунгузорӣ, қисмҳои суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатӣ бе назардошти иловапулӣ ва кумакпулиҳо ба он бояд индексатсия шаванд.

Дар робита ба ин ҳаҷми нафақаи миёна дар Тоҷикистон, ки айни замон 303 сомонӣ ($29,44)-ро ташкил медиҳад, низ зиёд мешавад.

Ғайр аз ин, Давлатзода хотиррасон намуд, ки аз 1 сентябр дар баробари нафақа маош ва стипендияҳо низ зиёд карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.