3 ҳазору 901 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз ин шумор 95 нафарашон ҳозир таҳсилро дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа давом дода истодаанд.

Ба гуфтаи ӯ, боқимонда донишҷӯён аз хориҷа баргашта ба идомаи таҳсил дар Тоҷикистон хоҳиш надоштанд.

“Қисме аз онҳо дар артиш хизмат карда, бархе аз рӯйи ихтисос ва дигарон бо касбҳои гуногун кор мекунанд”, - иброз дошт ӯ.

Зикр шуд, ки дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон айни замон ҳамагӣ 924 нафар донишҷӯён таҳсили илм мекунанд.

Пас аз анҷоми сохтмони бинои нави ягона дар кишвар мактаби олии динӣ ба қабули 1,5 ҳазор нафар донишҷӯён дар як баст имкон фароҳам мешавад.

Донишкада аз ҷониби ҳукумати мамлакат  бо харҷи 136 млн сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.

Бинои асосии муассиса аз 5 қисми (блок) ҳафтошёна - биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ,  хобгоҳҳои замонавӣ, толори муосири варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона иборат аст.

Раиси Кумита қайд кард, ки аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя, ки маълумоти олии динӣ гирифтанианд, ба мактаби олии исломии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.

“Ба мо тез-тез аз Ӯзбекистон муроҷиат мекунанд, айни замон 14 нафар намояндагони ин кишвар дар Донишкадаи исломии Тоҷикитсон таҳсил мекунанд. Пас аз анҷоми сохтмони бинои нави муассиса мо имкон пайдо мекунем, ки зиёдтар донишҷӯёнро аз хориҷи кишвар қабул кунем”, - илова кард Сулаймон Давлатзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.