Марказ мақоми байнулмилалӣ дошта, дар он натанҳо наҷотдиҳандагони Тоҷикистон, балки ҳамтоёни онҳо аз минтақа низ аз давраҳои омӯзишӣ гузашта метавонанд.

Барои сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани марказ Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба сифати грант ҳудуди 3 млн евро ҷудо кард.

Тавре ба Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи грждании ҷумҳурӣ хабар дод, ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони Маркази байнулмилалӣ оид ба омодагии наҷотбахшон ва машқгоҳ аз дараи Қаратоғи шаҳри Турсунзода 27 гектар замин ҷудо кард.

Ба иттилои манбаъ, сохтмони биноҳои маъмуриву синфҳо, ошхонаву хобгоҳ ва дигар иншооти ёридиҳандаи марказ моҳи август оғоз гардида, бунёди машқгоҳ барои баргузории машғулиятҳои амалӣ дар марҳилаи дуюм дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.