Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7 ҳазору 192 нафар расид.

Ҳолати фавт бар асари ин беморӣ сабт нашуда, ҳамин тариқ теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус 59 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, то субҳи 27-уми июл 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 64 кас баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон 5 ҳазору 970 нафар ё худ 83%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти нимсола вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки айни ҳол барои пешгирӣ ва табобати COVID-19 дар Тоҷикистон миқдори зарурии доруворӣ ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ захира шудааст

“Айни замон дар кишвар ба эътидол омадани вазъи паҳншавии коронавирус ба мушоҳида мерасад, - иброз дошт ӯ. - Дар саросари дунё барои пешгӯии мавҷи дуюми пандемияи коронавирус меъёрҳои муайян нестанд. Бо хулоса аз вазъи паҳншавӣ дар кишварҳои ҳамсоя, эҳтимоли мавҷи дуюм дар мо ҳам интизор меравад, лекин замони онро алҳол дақиқ гуфта наметавонем”.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ба мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар дар бораи танҳо дар доираи аҳли оила ва бо иштироки шумори маҳдуди одамон гузаронидани маросими тӯйҳо дастури дахлдор фиристод.

Мувофиқи қоидаҳои нав, дар ин маросимҳо на зиёдтар аз 30-40 нафар хешовандони наздик иштирок карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.