Тоҷикистон рӯзи 22 июл ҷониби Русияро дар бораи қабули қарори ҳукумат бобати барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Русия расман огоҳ кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёстати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

“Айни замон посухи ҳамтоҳои русиягиамонро интизорем. Зимни қабули қарор дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Русия мо ба назар гирифтем, ки ин амал бо риояи қатъии талаботи санитарӣ ва зиддиэпидемикӣ сурат хоҳад гирифт”, - қайд мекунанд дар ВКХ Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки Русия дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо чанде аз кишварҳо аз 1 август қарор қабул кард.

Қобили зикр аст, ки ҳозир барои аз хориҷи кишвар баровардани тоҷикистониён  байни Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд. Ҳар як ду рӯз аз Маскав ба Душанбе се парвоз иҷро мешавад - ҳавопаймоҳои ширкати”Сомон Эйр” ҳар рӯз ва ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” дар ду рӯз як маротиба.

Парвозҳои чартерӣ аз 25 июн шурӯъ гардида, то имрӯз беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.