27-уми июли соли равон дар шабакаи иҷтимоии Facebook акси «Ҳайкали Озодӣ» дар яке аз минтақаҳои кӯҳии аҳолинишини Тоҷикистон пайдо шуд. Дар шарҳи акси мазкур гуфта мешуд, гӯиё ин муҷассама дар ноҳияи Дарвози вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон қомат афрохтааст. Рӯзноманигор Одили Нозир дар саҳифаи фейсбукаш бо гузоштани акси «Ҳайкали Озодӣ» суол кардааст (бойгонӣ), ки «Ҳайкали Озодӣ дар Дарвоз. Оё ин хабар рост аст? Ё ин фейк?».
Ин хабар дар фурсати кӯтоҳ сару садоҳои гуногунро дар пай дошт. Аксарият баҳсу суолҳоеро ба миён гузоштанд, ки яке фейк мегуфт, дигаре тугмаи хандаву ҳайратро пахш мекард. Factcheck.tj акси мазкурро мавриди санҷиш қарор дод ва дақиқ кард, ки то куҷо он дуруст аст.
Ҳукмнома: Ҳақиқат
Дар раванди санҷиши мо чанд манобеи маҳаллӣ бо ирсоли аксу наворҳо хабари қомат афрохтани «Ҳайкали Озодӣ» дар ноҳияи Дарвозро тасдиқ карданд. Аз ин лиҳоз, хабари мазкур дуруст аст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Рамзия Мирзобекова, яке аз корбарони Facebook баъд пайдоиши сару садоҳо дар мавриди ҳақиқат ё фейк будани хабари қомат афрохтани «Ҳайкали Озодӣ» дар ноҳияи Дарвоз, чанд аксеро аз паҳлӯҳои гуногун дар саҳифаи худ ҷой додааст (бойгонӣ), ки воқеъияти ин хабарро тасдиқ мекунад. Номбурда инчунин илова кардааст, ки боғи фароғатии бачагона дар Дарвоз бо сармояи хусусӣ бунёд мешавад ва қарор аст, 10-уми августи соли равон ифтитоҳ ёбад: «Манораҳои Эйфел, Пизан, Биг-Бен аллакай насб шудаанд ва рӯзи дигар дар он ҷо Ибодатгоҳи Василий Блажений, Девори бузурги Чин ва Регистон (Самарқанд) дар марҳилаи анҷомёбист».
Хабарнигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ дар саҳифаи расмии «Facebook»-аш навори кӯтоҳеро ҷой додааст (бойгонӣ). Тавре дар навор дида мешавад, ҳоло корҳои меъморӣ идома дошта, дар он воқеан ҳам «Ҳайкали Озодӣ» қомат афрохтааст.
Хулоса
Хабари қомат афрохтани «Ҳайкали Озодӣ» дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон воқеан ҳам асос дорад. Бинобар ин, мо ба хулосае расидем, ки ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» унвон мегирад.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта.” нашр шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста