Ҷопон барои дастгирии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар мубориза бо малах 7,4 миллион доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо намуд. Ин марҳилаи дуюми кумаки бебозгашти ҳукумати Ҷопон дар мубориза бо малах дар Тоҷикистон мебошад.

28 июли соли 2020 маросими Мубодилаи Ёддоштҳо оиди “Лоихаи беҳтарсозии тарзи идоракунии малах (Марҳилаи II)” байни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ҷаноби Такаюки Мияшита ва Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон (FAO) ҷаноби Олег Гучгелдиев баргузор гардид. Сипас, Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон ҷаноби Хидеки Танабэ ва Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон (FAO) ҷаноби Олег Гучгелдиев созишномаи грантиро ба тасвиб расониданд. Маблағи умумии лоиҳа 800 миллион иенаи ҷопони (76 миллион сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Ҷопон аз соли 2015 то соли 2019 лоиҳаи беҳтарсозии тарзи идоракунии малахро дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон амалӣ намудааст. Ба туфайли ин лоиҳа қобилияти мубориза бо мушкилоти малах ва ҳамоҳангсозии иқдомот бо кишварҳои ҳамсоя беҳтар ёфтааст. Бо назардошти натоиҷи бомуваффақияти ин лоиҳа, ҳукумати Ҷопон тасмим гирифт, ки кишварҳои ҳамсояро низ ҷалб намуда дар маҷмӯъ зарари малахҳоро дар минтақа бо самар кам намояд. Дар амалисозии ин лоиҳа Ҷопон бо FAO, ки дар ин самт  таҷрибаи ғанӣ дорад, ҳамкорӣ хоҳад кард.

Лоиҳа ба 6 кишвар (Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон) дар баланд бардоштани иқтидори мубориза бо малах ва тақвияти ҳамкорӣ дар кишварҳои минтақа кӯмак хоҳад кард.

Хусусан, ин кишварҳо бо таҷҳизот ва маводҳо  ба монанди пестисид, дорупошак, либосҳои муҳофизатӣ, воситаҳои нақлиёт ва тракторҳо таъмин карда мешаванд.

Вобаста ба дастгирии Тоҷикистон дар ин самт, бори аввал чунин таҷҳизот, ба монанди шаш адад трактор, шаш адад миниван ва шаш адад дорупошак дастрас карда мешавад. Дар рафти амалисозии ин лоиҳа кӯмаки ғайримоддӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Масалан расонидани кӯмак ба мақомотҳои дахлдор дар таҳкими ҳамоҳангӣ бо дигар кишварҳо, гузаронидани мониторинги муштарак ва дастгирии рушди нерӯи кормандон мебошад.

 “Имсол, дар натиҷаи ҳуҷуми селаи малахҳо, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон соҳаи кишоварзӣ зарари ҷиддӣ дида истодааст, - изҳор дошт зимни маросим сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита. - Ин минтақа низ аз хатари малахҳо гурехта наметавонад. Селаи малахҳо аллакай ба Ҳиндустон ва Покистон ҳам расидааст.Барои пешгирии селаи малахҳо ҳарчи зудтар чораҳои зарурӣ ва иқдоми ҳамоҳангсозӣ дар минтақа зарур аст.

Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки ба Осиёи Марказӣ, минтақае ки соҳаи кишоварзиаш таҳти таҳдиди ҳамлаи малахҳо қарор дорад, кӯмаки саривақтӣ расонад ва имрӯз барои ин иқдом Мубодилаи Ёддоштҳо ба тасвиб расид.Умедворам, ки мо ин лоиҳаро ҳар чӣ зудтар оғоз карда, соҳаи кишоварзии 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро аз ҳамлаи малахҳо муҳофизат хоҳем кард ва дар натиҷа ин минтақа рушд хоҳад ёфт”.

Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Танабэ қайд кард, ки “ҳангоми пиёдасозии марҳилаи аввал ҳамоҳангӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон тақвият дода шуд.

“Бо зиёд шудани баҳрабардорандагон, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа на танҳо аз нигоҳи идоракунии малахҳо, балки дар дигар соҳаҳо низ дар назар аст, - гуфт ӯ. - JICA тасмим дорад минбаъд низ чунин лоиҳаҳоро ба мисли тарғиби кишоварзии бозаргонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, бо назардошти дастгирии идоракунии соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.