Швейтсария аз тариқи Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) 1.1 миллион доллари ИМА ҷудо намуд. Ин маблағ ба хотири амалӣ намудани чораҳои самараноки ҷавобӣ вобаста ба пешгирӣ ва табобати COVID-19 дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Маблағҳо барои дастгирии лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар корҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешаванд, равона шудааст. Дар доираи фаъолияти лоиҳаҳо ба 18,000 нафар шахсони осебпазир, ки бевосита аз таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемияи коронавирус зарар дидаанд, кӯмак расонида мешавад.
Иштирокчиёни лоиҳаҳо дар барқарорсозӣ ё сохтмони иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла, каналҳои обёрикунанда, хатҳои обтаъминкунӣ ва ҷангалзорҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон ба ивази корашон кӯмаки пулӣ мегиранд.
“Швейтсария дар самти расонидани кӯмак ба Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди оқибатҳои тиббию иҷтимоии бемории сироятии коронавирус ва беҳтар намудани пойдории ҷомеа бисёр фаъол аст. Ҳалли масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст ҳаётан муҳим ва таъхирнопазир мебошад. Одамон дар ин минтақаҳо аз кам шудани даромадашон азият мекашанд ва аз ин рӯ наметавонанд барои оилаи худ ғизои кофӣ харидорӣ намоянд”, - иброз дошт директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Валбурга Рос. - Ҳарчанд чунин тадбирҳо, ба монанди фосилагирии иҷтимоӣ, шустани дастон ва пӯшидани ниқоб метавонанд сироятшавиро пешгирӣ намоянд, ҳамчунин истеъмоли ғизои кофӣ ва солим иммунитетро баланд менамояд.”
БОҶ ба оилаҳои аз ҷиҳати озуқаворӣ ноамн, махсусан оилаҳоеро, ки онҳоро занон сарварӣ мекунанд, афзалият медиҳад. Ин оилаҳо аз ҳисоби нархи хӯрокворӣ ва камшавии интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонанд талаботи асосии ғизоии худро таъмин созанд.
“БОҶ ба Ҳукумати Швейтсария барои масъулиятшиносӣ ва дастгирии мардуми Тоҷикистон дар ин давраи ҳассосу вазнин изҳори сипос менамояд”, - изҳор дошт намоянда ва директори БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алберто Коррейя Мендес. - Ин саҳм ба мо имконият фароҳам меорад, ки ба оилаҳои камбизоат кӯмак расонем, ҳамзамон маблағи нақдро ба бозорҳои маҳаллӣ ворид созем ва ба тамоми аҳолӣ дар сатҳи маҳал тавассути сохтани иншоот фоида орем.”
Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ шарики дарозмуддати стратегии БОҶ дар самти барномаҳои рушди устувор ба шумор меравад ва аз соли 1993 лоиҳаҳои вобаста ба Тоҷикистонро маблағгузорӣ менамояд. Дар доираи татбиқи "Стратегия оид ба ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2017-2021" ба чаҳор самт: об, инфрасохтор ва тағйирёбии иқлим; тандурустӣ; идоракунӣ, муассисаҳо ва ғайримарказикунонӣ; шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт аҳамияти зарурӣ медиҳад.
БОҶ аз соли 1993 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Илова ба барномаҳои ғизоӣ, аз ҷумла ғизои мактабӣ БОҶ дар самти мутобиқсозии таъғйирёбии иқлим ва эҷоди устуворӣ барномаҳоро амалӣ месозад. Соли 2019, БОҶ тақрибан ба 30000 нафар тавассути лоиҳаҳои мустаҳкамкунӣ дар кишвар, кӯмак расонидааст. Ғайр аз он, БОҶ Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар шарикони рушдро барои мустаҳкам намудани иқтидорҳои миллии омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва андешидани чорабиниҳои ҷавобӣ, дастгирӣ менамояд.
Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти бузургтарини башардӯстонаи ҷаҳон буда, ҳаёти одамонро дар ҳолатҳои фавқулодда наҷот медиҳад, шукуфоӣ ва ояндаи устувори одамонро аз низоъ, офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим барқарор мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста