Гирифтани маълумот аз сарчашмаи боэътимод яке аз роҳҳои наафтодан ба доми қаллобон ва гурез аз хабарҳои “фейкӣ” аст.
Бояд ҳар шахс барои худ сарчашмаи боэътимоди хабару маълумот дошта бошад. Зеро бо гирифтани маълумот аз сарчашмаҳои беэътимод ва қалбақӣ шумо метавонед ба хабарҳои фейкӣ бовар кардаву ба доми қаллобон афтед.
Аз ин рӯ, мо барои донистани назари корбарони бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди сарчашмаҳои боварибахши иттилоот, мо дар Facebook ва Одноклассники назарпурсӣ (опрос) гузаронидем. Дар умум дар назарпурсии мо 1170 нафар корбарони ин ду шабакаи иҷтимоӣ иштирок карданд, аммо натиҷаи он ба куллӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, чун корбарони ин шабакаҳо аз ҳам фарқ мекунанд.
Дар назарпурсии Facebook 558 корбар иштирок намуданд ва бештари онҳо (313 кас) ба тарафдории Оҷонсии иттилоотии “Asia-Plus” овоз доданд. Ҳамин тавр ба тарафдории
Радио “Озодӣ” 180 кас
"Спутник" 42 кас
АМИТ "Ховар" 17 кас
"Авеста" 5 кас
Сомонаҳои расмии вазорату корхонаҳо 8 кас
овоз доданд. Аз ин бар меояд, ки корбарони Facebook “Asia-Plus”-ро ҳамчун сарчашмаи боэътимодтарин интихоб намудаанд.
Дар назарпурсии Одноклассники 612 корбар иштирок намуданд ва бештари онҳо (475 кас ё 67,5%) ба тарафдории Радио “Озодӣ” овоз доданд. Ҳамин тавр ба тарафдории
Оҷонсии иттилоотии “Asia-Plus” 109 кас ё 15,5%
"Спутник" 43 кас ё 6,1%
АМИТ "Ховар" 30 кас ё 4,3%
Сомонаҳои расмии вазорату корхонаҳо 30 кас ё 4,2%
"Авеста" 17 кас ё 2,4%
овоз доданд. Аз ин бар меояд, ки корбарони Одноклассники Радио “Озодӣ”-ро ҳамчун сарчашмаи боэътимодтарин интихоб намудаанд.
Хулоса. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз сомонаҳои расмӣ ва агентии милли “Ховар” дида, ба хабаргузориҳои мустақил эътимоди бештар доранд. Шояд сабаб дар он бошад, ки хабаргузориҳои мустақил маводи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар паҳн мекунанд.
PS: Албатта хуб аст, агар шумо маълумотро аз чанд сарчашмаи дигар хонед ва дар муқоиса хулоса бароред, ки кадоме аз онҳо ба ҳақиқат наздик аст. Барои ин кофӣ аст, ки сарлавҳаи хабари мавриди назарро дар сомони ҷустории Google кобед.
Агар хабару маълумоте дар назаратон шубҳанок менамояд ба мо фиристед, мо месанҷем ва ба шумо хабар медиҳем, ки то куҷо ҳақиқат дорад.
Барои донистани нишонаҳои хабарҳои “фейкӣ” ва қоидаҳои мутолиаи хабарҳо маоди мо “Бидон, чиро мебинӣ! 5 нишонаи хабарҳои фейкӣ ва 5 қоидаи мутолиаи хабарҳо” - ро мутолиа кунед.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста