Ба суратҳисоби Фонди хайрия, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Тоҷикитсон кушода шуд, то 29 июл 16,7 млн сомонӣ, 482 ҳазор доллар ва 25 ҳазор руби русӣ ворид шуд.

Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита қайд кард, ки ин миқдор маблағ дар умум ба 25 млн сомонӣ ё худ ҳудуди 2,5 млн доллар баробар аст.

“Мо номи ҳар кадом ё ҳар ташкилоту корхонаҳоеро, ки ба фонди хайрия пул мегузаронанд, медонем, лекин номбар намекунем. Маблағи ҷамъшуда ба тадбирҳои вобаста ба пандемияи коронавирус равона мегардад”, - гуфт ӯ.

Ба гунаи мисол Қаҳҳорзода танҳо қайд кард, ки як соҳибкори тоҷики машғули кор дар Русия 100 ҳазор доллар ва як кишвар 300 ҳазор доллар ба ин суратҳисоб гузаронидаанд.

Вазир изҳор дошт, ки то ҳол воридшавии маблағҳо ба суратҳисоб идома дошта, давра ба давра дар бораи ҳаҷми он маълумот дода мешавад. Хароҷот ва азхдкунии маблағҳои воридшуда аз ҷониби Палатаи ҳисоб ва Агентии зиддифасод санҷида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки суратҳисобҳои хайрия аввали моҳи апрел “бо мақсади пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва мутамарказонидани кумакҳои башардӯстона” кушода шуданд. Суратҳисобҳо бо арзи миллӣ – сомонӣ, доллари амрикоӣ ва рубли русӣ боз шуданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, то шоми 28 июл дар Тоҷикистон 7 ҳазору 276 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 60 кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.