Ояндаи наздик дар вилояти Суғд боз 3 озмоишгоҳи вирусологӣ ба кор оғоз мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии вилоят хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, озмоишгоҳҳо дар шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан ва Исфара боз мешаванд. Айни замон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду озмоишгоҳи вирусологӣ фаъолият доранд.

“Дар озмоишгоҳҳ дар як шабонарӯз то 200 кас ташхис супорида метавонанд. Ташхиси ошкор кардани COVID-19 бепул аст”, - қайд кард манбаъ.

Тибқи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, аз оғози пандемия 16 нафар сокинони вилоят бар асари сирояти коронавирус фавтиданд. Дар қаламрави минтақа ҳамагӣ 1938 нафар сироятёфтагон ба қайд гирифта шуда, 1891 нафар шифо ёфтанд.

Дар бораи фаъолияти озмоишгоҳи вирусологӣ дар шаҳри Хуҷанд маводи мо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.