Имрӯз, 29 июл ба 4 кӯча ва 1 маҳалла (микрорайон)-и шаҳри Душанбе рӯзона интиқоли барқ муваққатан қатъ мегардад.

Бино ба иттилои ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”, имрӯз аз соати 9:00 то 16:00 интқоли барқ ба кӯчаҳои М.Назаршоев, Б.Ғафуров, Р.Набиев, Севастополская ва маҳаллаи Буниҳисорак қатъ мегардад.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ, интиқоли нерӯи барқ ба баъзе кӯчаву маҳаллаҳо шояд пештар аз муҳлати зикршуда, яъне пештар аз 16:00 барқарор карда шавад.

Таҷрибаи қатъи интиқоли барқ баҳри баргузории корҳои таъмир аввали моҳи ноябри соли гузашта хотима ёфта, бо танаффус дар рӯзҳои истироҳати ҷашни Наврӯз моҳи март дубора оғоз гардид. Аз охири моҳи апрел қатъи муваққатии интиқоли барқ бонавбат дар бархе аз кӯчаву маҳаллаҳо ба анҷом расид.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 июл ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дар нишасти ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи ширкати “Барқи тоҷик рӯзи 27 июл аз ҷониби роҳбарони ширкат дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ чизе гуфта нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.