Микроавтобус (маршрутка)-ҳое, ки пештар бо роҳҳои гузариш дар маҳаллаҳои 82 ва 91-уми пойтахт ҳаракат мекарданд, дигар бо ин роҳҳо равуо намекунанд.

“Айни замон бо ин роҳ автобусу троллейбусҳо ҳаракат дошта, ба микроавтобусҳо зарурат нест”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” дар ин робита директори КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҷумъахон Давлат.

Ба гуфтаи ӯ, ҳозир дар хиёбони Исмоили Сомонӣ тариқи маҳаллаҳои 82 ва 91-ум автобусу троллейбусҳо равуо дошта, хизматгузории саривақтии мусофиронро таъмин мекунанд.

“Ҳозир дар ин самт автобусҳои№8, 22, 25, 26 ва троллейбуси №10 ба хатсайрҳо мебароянд”, - иброз дошт Ҷумъахон Давлат.

Зимнан зикр шуд, ки микроавтобусҳои №8, 25, 17, 58 ва 26 тариқи кӯчаҳои Карамов ва Алишери Навоӣ то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ҳаракат карда, лекин “бо роҳи асосӣ равуо нахоҳанд кард”. Ӯ қайд кард, ки ҳозир микроавтобусҳо бо хатсайре, ки пас аз баста шудани роҳ муайян шуда буд, равуо мекунанд.

“Бар асари пандемия айни замон дар пойтахт ҳамагӣ 35% аз миқдори умумии нақлиёти мусофирбар истифода мешавад, яъне 144 автобусу троллейбус, 620 микроавтобус ва 890 такси дар як рӯз ба мусофирон хизматрасонӣ мекунанд, - гуфт ӯ. - Барои пешгирии паҳншавии сироят дар аксари хатсайрҳо танҳо автобусу троллейбусҳо равуо доранд”.

Ба савол дар бораи чӣ гуна халал расонидани коронавирус ба истифодаи 100% нақлиёти мусофирбар, шумори дақиқи автобусу троллейбусҳои ҳозир равуодошта дар роҳи эстакада Ҷумъахон Давлат посух надод.

Дар ҳамин ҳол, қаблан дар шаҳрдории пойтахт изҳор дошта буданд, ки ояндаи наздик микроавтобусҳо ба роҳи хатсайрҳои пешинаи худ бармегарданд.

“Ояндаи наздик микроавтобусҳои №№ 25, 52 ва 17, инчунин автобуси №38 дубора тариқи Қарияи Боло ҳаракат мекунанд. Микроавтобусҳои №№ 19 ва 54, автобуси №18, ки имрӯз аз назди бинои Прокуратураи генералӣ гузашта, ба дасти рост - маркази савдои “Ёвар” мегарданду ба Кӯли ҷавонон ва минбаъд бо хатсайр мераванд, ҳамчунин ба равуо тариқи Қарияи Боло бармегарданд”, - қайд карда буданд дар шаҳрдорӣ.

Ёдрас мекунем, ки эстакадаи дуюми сесатҳа дар Душанбе аз маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаҳои ғарбии пойтахт рӯзи 10 июл ба истифода дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.