Таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, қисмҳои эҳтиётии ин дастгоҳҳо ва маводи масрафии арзишашон 1 млн евро бо маблағгузории Ҷумҳурии Федеративии Олмон тавассути Бонки Олмонии Рушд KFW харидорӣ ва ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Сафири Олмон, Др. Андреас Протманн ва Муовини якуми Вазири Тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон  Ғафур Муҳсинзода, инчунин  намояндаи маҳаллии  Бонки Олмонии Рушд KfW Манучеҳр Бақоев таҷҳизоти муҳофизатии шахсиро, ки дар доираи Ҳамкории молиявии Олмону Тоҷикистон харидорӣ шудааст, ба Беморхонаи касалиҳои сироятии ш.Душанбе таҳти роҳбарии Хуршед Ҳабибзода супориданд.


Рӯйхати таҷҳизоти муҳофизатӣ, ки аз 16 номгӯй иборат аст ва дар асоси таҳлили эҳтиёҷот ва таҳти дастури Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тартиб дода шудааст, азҷумла аз воситаҳои яккаратаи муҳофизати кормандон, воситаҳои безараргардонӣ, термометрҳои фосилавӣ, воситаҳои нобудсозии маводҳои истифодашуда иборат мебошад.

Ин таҷҳизот дар доираи маблағгузории гранти махсус дар ҳаҷми 1 миллион евро, ки аз ҷониби Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон тавассути Бонки Олмонии Рушд - KfW дастрас шудааст, харида шуда ба Ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо COVID19 пешкаш шудааст.

Дар доираи ин тадбир харидани 11 дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли ширкати Ҳамилтон (Швейтсария)  бо маҷмӯи пурраи қисмҳои якдафъаина барои фаъолияти беист дар давоми 1 сол дар шароити сарбории пурра пешбинӣ шудааст ки ин таҷҳизот ба Маркази миллии тиббии «Шифобахш», Маркази Ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара ва Ёвон дода мешаванд. Ин беморхонаҳо инчунин бо мақсади безараргардонӣ бо лампаҳои ултрабунафш таъмин мегарданд.

Аз ҳисоби маблағи гранти мазкур 60 адад дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии истеҳсоли ширкати Дрэгер (Олмон), ки дар муассисаҳои клиникӣ васл гардидаанд, 120 адад дастгоҳҳои нафасдиҳии ширкати Ҳамилтон (Швейтсария), ҳамагӣ 180 адад аз таъмири пурра бароварда мешаванд.


Қобили зикр аст, ки таъмири дастгоҳҳои нафасдиҳӣ аз ҷониби худи ширкатҳои истеҳсолкунанда Дрэгер ва Ҳамилтон бо кӯмаки муҳандисони махсус омӯзонидашуда гузаронида шуда, дар натиҷа муҳлати фаъолияти дастгоҳҳоро то ба 5-10 соли дигар дароз хоҳад кард.

Дастгоҳҳои нафасдиҳии аз таъмир баровардашуда, ки бо маҷмӯи таъмирӣ, воситаҳои маҷмӯии яккарата ва бисёркарата муҷаҳҳаз гардидаанд, аз нав дар 6 беморхонаҳои барномавии Бонки Олмонии рушд (32 адад), яъне беморхонаҳои марказии Фархор, Ҳамадонӣ, Хуросон ва Ёвон, инчунин беморхонаи вилоятии касалиҳои сили Деҳмой, ва бинои 11 маркази миллии тиббии “Шифобахш”, инчунин дар беморхонаҳое, ки ба табобати беморони короновирус машғул мебошанд: Маркази миллии тиббии «Шифобахш» (5 адад), Маҷмааи тандурустии шаҳрии «Истиклол» (84 адад), Маркази тиббии шаҳрии ба номи К. Ахмедова (1 адад); беморхонаҳое, ки дар ҳар ҳолат метавонанд ба табобати коронавирус шурӯъ намоянд (63 адад), Беморхонаи клиникиии ҷумҳуриявиии н.Дангара, Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии  тиббӣ, беморхонаҳои вилоятии клиникии шаҳрҳои Кӯлоб ва Хуҷанд, 14 беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ. То имрӯз зиёда аз 80% таҷҳизот таъмир ва дубора мавриди истифода қарор дода шудааст.


Ғайр аз он, таъмир намудани як истгоҳи калони тавлиди оксиген дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии Данғара , ки имкони таъмин кардани 4 беморхонаи наздики вилояти Хатлонро бо оксигенро дорад, ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша корҳои таъмирӣ то охири моҳи августи 2020, яъне то замони пурра дастрас шудани қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти мавҷуда ба анҷом мерасанд.

Таҷҳизоти нави харидашаванда тибқи рӯйхати пешниҳодкардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии Бонки Олмонии Рушд KfW  ба таври зерин тақсим карда мешаванд:


Баъди ба охир расонидани таҳвил, насб ва таъмири дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии мавҷуда оид ба идоракунӣ ва истифодаи онҳо дар табобати беморони гирифтори коронавирус ва ҳолатҳои дигари клиникии омӯзиш гузаронида мешавад.

Дар натиҷа дар 23 беморхонаҳои гуногун ҳам дар пойтахт ва ҳам дар ноҳияҳо 180 катҳои реаниматсионии бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ муҷаҳҳаз барои табобати беморони мубталои КОВИД-19 ташкил карда хоҳанд шуд. Беморхонаҳои клиникӣ ва соҳавие, ки аз Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон кӯмаки бебозгашт гирифтаанд, пас аз пандемия дар реҷаи маъмулӣ фаъолият намуда, ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак хоҳанд расонд.  


Аввалин ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба бемории COVID19 дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 ба қайд гирифта шуданд. То 28 июли соли равон шумораи ҳодисаҳои тасдиқшудаи COVID-19 ба 7 276 ҳолат расид, ки аз онҳо 6655 (83,3%) шифо ёфтаанд ва шумораи ҳолатҳои фавт ба 60 расид ( 0,82%).

Бонки Олмонии Рушд KfW дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барномаҳои ҳамкориҳои молиявии Олмон бо Тоҷикистонро аз соли 2003 дар самти назорати бемории сил, саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ, табобат ва пешгирии полиомиелит амалӣ мекунад. Ҳаҷми умумии маблағҳои аз ҷониби Олмон аз соли 2003 инҷониб барои барномаҳои соҳаи тандурустӣ дар доираи Ҳамкории Молиявӣ ҷудо карда шуда 93,4 миллион евроро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.