Муроҷиатномаи Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифу сарбаланди кишварро бо фаро расидани Иди Қурбон табрику таҳният мегӯяд.

Бо қарори Шӯрои уламо таҷлили Иди Қурбон рӯзи 31 июли соли 2020 муқаррар шудааст. Бинобар сабаби паҳншавии бесобиқаи бемории сироятии короновирус дар ҷаҳон, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани аҳолии кишвар аз сирояти бештари он, тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад.

Иди Қурбон рӯзи хайру саховат ва дастгирии фақирону камбизоатон, бенавоёну ятимон буда, онҳое, ки қудрати қурбонӣ карданро доранд, бояд аз ҳоли фақирону мискинон бохабар шаванд.

Ҳикмати қурбонӣ дар он аст, ки мардуми камбизоат аз он баҳра баранд ва дар рӯзи ид ҳамроҳи дигарон шодиву сурур дошта бошанд. Дар ин маврид Пайғамбари Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: “Фақиронро аз суол намудан дар ин рӯз бениёз гардонед!”.

Дар Иди Қурбон то се рӯз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Бо назардошти баргузор нашудани намози ид, тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ қурбонӣ баъд аз тақрибан як соат аз тулуи офтоб анҷом дода мешавад.

Гӯшти қурбонӣ се тақсим карда шуда, қисме барои соҳиби қурбонӣ, қисме барои хешу табор ва ёру дӯстон ва қисми дигар ба одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд дода мешавад.

Бо назардошти вазъияти кунунӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзи ид мардум аз қабули меҳмонон худдорӣ намуда, таъоми омодакардаашонро ба хонаҳои кӯдакон, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон бурда диҳанд, зеро ки аҷру подоши зиёд дорад.

Одатан, дар рӯзҳои ид одамон ба хонаҳои якдигар рафта, дар ҳаққи гузаштагон дуо мекарданд. Ҳамчунин кӯдакон низ ба идгардак баромада, мардумро табрик мекарданд. Хотиррасон мекунем, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дуввуми бемории сироятии COVID-19 хуруҷ карда, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ шудааст. Дар ҳолати ташкили идгардаки калонсолон ва хурдсолон эҳтимоли паҳншавии дубораи вируси COVID-19 дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Беҳтар аст, ки ҳар нафаре аз хонаи худ дар ҳаққи гузаштагон дуо кунанд, зеро дуо аз ҳар ҷо қабул мешавад.
Дар мавриди ҳифзи сиҳатии омма Пайғамбар (с) фармудаанд: “Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад”. Олимон зимни ҳадиси мазкур фармудаанд: “Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то ин ки беморӣ ба онҳо нагузарад”.

Мувофиқи таълимоти шариат, риояи муқаррароти фатвои Шӯрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар воҷиб аст. Аз ин рӯ, қотеона тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кӯдакон қатъиян худдорӣ намоянд.

Дар баробари ин, хотирнишон мекунем, ки вақтҳои охир ҳангоми адои намози ҷаноза талаботи Дастурамали “Тартиби дафни бандаи муъмин”, ки аз ҷониби Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҳия ва тасдиқ шудааст, сарфи назар карда мешавад. Намозҳои ҷаноза мисли пештара бо шумораи зиёди одамон, бе риояи қоидаҳои беҳдошт, бидуни пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ ва масофгирии ҷисмонӣ анҷом дода мешаванд. Ин ҳолат хатари воқеии сироят ба бемории COVID-19-ро дучанду даҳчанд менамояд.

Бо иштирок дар чунин ибодатҳо ҳар кас худ, хешу табор ва аторофиёнро зери хатари ҷиддии сироятёбӣ қарор медиҳад, ки чунин рафтор аз лиҳози дини мубини Ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ қатъиян маҳкум мегардад. Аз чунин амали хатарзо ягон савоб ҳосил намешавад, балки ингуна ашхос муртакиби гуноҳ мегарданд.

Бинобар ин, Шӯрои уламо ҷиҳати эмин нигоҳ доштани мардум аз сирояти бемории COVID-19 қотеона тақозо менамояд, ки намозҳои ҷаноза бо иштироки шумораи ками хешу таборони наздики майит, бо риояи қатъии Дастурамали “Тартиби дафни бандаи муъмин” анҷом дода шавад. Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи беҳдоштӣ анҷом дода, дар масофаи 2 метр аз тобут дуртар меистад. Имом ва намозхонон бояд масофаро риоя намуда, ҳатман ниқоб пӯшанд. Намозҳои ҷаноза танҳо аз ҷониби мутасаддиён – имомхатибон, имомони масҷидҳои панҷвақта ва шахсоне, ки ба ин кор муваззаф шудаанд, хонда мешаванд.

Бо таманниёти солимии ҷомеа, мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Иди Қурбон аз самими қалб муборакбод менамоем. Ба кулли ҳамватанон ибодати мақбул, бахту иқболи баланд, хушбахтиву некрӯзӣ, барору комёбиҳо дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ, фазои софу беғубор ва неъмати бузурги тинҷиву осоиштагӣ таманно мекунем.