Қабули шаҳрвандон дар дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон илова ба рӯзи шанбе ҳамарӯза аз соати 15:00 то соати 17:00 роҳандозӣ шудааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти вазорат, қабули шаҳрвандон бо мақсади расидагӣ ба дархосту муроҷиатҳо, баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии онҳо гузаронида мешавад.

“Мушоҳидаҳои солҳои қаблӣ нишон дод, ки ҳар сол пеш аз оғози соли нави таҳсил ва баъд аз тақсимоти довталабон аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Вазорати маориф ва илми ҶТ зиёд шуда, ҳамарӯза аз даҳ то сад нафар шаҳрвандон ба дастгоҳи марказии вазорат муроҷиат мекунанд”, - навиштааст маркази матбуот.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби вазир, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм роҳандозӣ шуда, то оғози соли нави таҳсил идома меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.