Рӯзи 28 июл 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Аврупо ва Америка дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Франкфурт ба Душанбе баргардонида шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, қаблан, 8 июли соли ҷорӣ 161 шаҳрванди Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Франкфурт ба Душанбе баргардонида шуда буданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии рӯзи 27 июл дар ин робита изҳор дошт, ки бо дастури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар давраи пандемия 16 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.