То субҳи 3 август дар Тоҷикистон 7 ҳазору 495 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар рӯзҳои истироҳат шумори сироятёфтагон дар умум 86 нафар афзуд.

Гуфта мешавад, давоми ду шабонарӯз боз як 1 фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, теъдоди умумии фавтидагон 61 нафарро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки ҳамзамон, то санаи  2 август  дар мамлакат  6 ҳазору 276 (83,7%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар кишвари ҳамсояи Қазоқистон теъдоди сироятёфтагон аз коронавирус айни ҳол 91,5 ҳазор, Ӯзбекистон - 25,3 ҳазор ва Қирғизистон - 36,7 ҳазор (1409 нафар фавтидагон)-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, то 3 август дар саросари дунё зиёда аз 18 млн ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Айни замон теъдоди сироятёфтагон ба 18 002 567, фавтидагон - зиёда аз 687 ҳазор ва шифоёфтагон - 10 649 108 нафар баробар аст.

Шумори аз ҳама бештари сироятёбӣ дар ИМА - 4,6 млн, Бразилия - 2,7 млн, Ҳиндустон - 1,7 млн кас сабт шудааст. Дар ИМА беш аз 154 ҳазор нафар аз сирояти коронавирус фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.