Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон бо сабаби пандемия коронавирус дармонда буданд, рӯзи 4 август бо парвози чартерӣ ба ватан баргардонида шуданд.

“Бо дастури ҳукумат ва дар ҳамдастӣ бо мақомоти дахлдори Қазоқистон боз 190 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо хатсайри “Сомон Эйр” аз шаҳри Алмато ба Душанбе оварда шуданд”, - хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ба баровардани шаҳрвандони худ аз давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Олмон, Корея, Қазоқистон, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо аз 25 июн шурӯъ кард.

Чанде пеш дар сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор доштанд, ки Тоҷикистон то барқарор шудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо Русия ба анҷоми парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия идома медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ наздики 16,5 ҳазор тоҷикистониён аз хориҷи кишвар (бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ), аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар аз Русия ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.