Тоҷикистон то барқарор шудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо Русия ба анҷоми парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия идома медиҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

“Мисли пешин аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар як ҳафта аз шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскаву Санкт-Петербург, Қазону Екатеринбург ва ғайра 14 парвоз анҷом дода мешавад. Ҳар рӯз ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” ва дар ду рӯз як бор ширкати “Тоҷик Эйр” аз Маскав парвозҳои чартерӣ иҷро мекунанд. Дар як парвоз ширкати “Сомон Эйр” 184 нафар ва “Тоҷик Эйр” - 216 нафар мусофиронро ба Тоҷикистон меорад”, - қайд карданд дар сафорат.

Зимнан зикр шуд, ки Тоҷикистон ба дубора барқарор кардани парвозҳои мунтазам ба Русия комилан омода аст.

“Алҳол санаи дақиқи барқарор кардани алоқаи мунтазами ҳавоӣ маълум нест, лекин умедворем, ки ояндаи наздик он амалӣ хоҳад шуд”, - гуфтанд дар намояндагии дипломатӣ.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ наздики 16,5 ҳазор тоҷикистониён аз хориҷи кишвар (бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ), аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар аз Русия ба ватан баргардонида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ба баровардани шаҳрвандони худ аз давлатҳои хориҷӣ аз 25 июн шурӯъ кард. Мусофирон шикоят мекунанд, ки билетҳо ба ин парвозҳо хеле қимат буда, бо ин нарх имкони харидории онро надоранд.

Арзиши билетҳо ба хатсайрҳои чартерии Маскав-Душанбе аз 300 (бо мусофирон аз ду самт) то 500 долларро ташкил медиҳад.

Дилшод Исматуллозода, директори генералии ширкати “Тоҷик Эйр” бар ин назар аст, ки билетҳо ба хатсайроҳои чартерӣ начандон гаронанд. “Агар нархи миёнаи билетҳоро ҳисоб кунем ва бо назардошти пешниҳоди тахфиф барои мусофирон синни то 12-сола, ба фикрам, билетҳо ба парвозҳои чартерии мо начандон қиматанд”, - гуфт Исматуллозода зимни нишасти матбуотӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.