Рӯзи 4 август ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 доир гардид, ки дар он вазир Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони як қатор беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии ситоди вазорат пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва муолиҷаи беморони коронавируси нави COVID-19, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд ва дигар масъалаҳо мебошад.

Таъкид шуд, ки новобаста ба он, ки вақтҳои охир дар мамлакат ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории  КОВИД -19  то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст, бояд чораҳои пешгирикунанда ва табобати бемории КОВИД-19 пурзӯр карда шаванд.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми ҷаласа вазир таваҷҷуҳи сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда, гаштҳои хонагӣ ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

То 5 август дар Тоҷикистон 7 ҳазору 583 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Шумори умумии фавт аз ин вирус 61 нафар ва теъдоди шифоёфтагон ҳамагӣ 6 ҳазору 356 нафар (83,8%)-ро ташкил медиҳад. Боз беш аз 1 ҳазор нафар сироятёфтагон дар шароити хона муолиҷа мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.