Шурӯъ аз 10 август дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобуси №41 ба равуо оғоз мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, самти хатсайри нави автобус аз дарвозаҳои ғарбии Душанбе (маҳаллаи Зарафшон) то бозори нави “Кӯшониён” (мавзеи Маркази барқу гармидиҳии 2) муқаррар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, хатсайри нави автобусҳои тамғаи “АКИА” аз кӯчаву хиёбонҳои Нусратулло Махсум, Алишер Навоӣ, Карамов, Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозӣ мегузарад.

Зимнан зикр шуд, ки пардохти маблағи роҳкиро дар автобусҳои ин хатсайр танҳо тариқи кортҳои электронии нақлиётӣ амалӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.