Имрӯз дар ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҳудуди Боғи фарҳангу фароғатии "Куруши Кабир"- и пойтахт бо дастгирии МИҲД шаҳри Душанбе ба 155 нафар ятимони кулл - таълимгирандагони муассисаҳои таълимии пойтахт сару либос ва лавозимоти мактабӣ тақдим гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуотии ҳукумати шаҳр, имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Боғи фарҳангу фароғатии "Куруши Кабир"- и пойтахт ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба кор оғоз намуд.

Гуфта мешавад, ки дар ярмарка беш аз 20 корхонаву тавлидгоҳҳои истеҳсолии пойтахт ва теъдоди зиёди соҳибкорони ватанӣ бо пешниҳоди намудҳои муайяншудаи сару либос ва лавозимоти мактабӣ иштирок карданд.

Бо дарназардошти вазъияти имрӯзаи эпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ ва хоса пандемияи "КОВИД-19", ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ бо риояи меъёрҳои мунтазами безараргардонӣ, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию зиддиэпидемиявӣ ва гигиенӣ, бо ташкил намудани долонҳои безараргардонӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷи масофавӣ ба роҳ монда шудааст.

1/3

Ёдрас мешавем, ки ярмаркаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 июли соли 2020, №376 бо дарназардошти фарорасии соли хониши солҳои 2020-2021 ва дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ гузаронида мешавад.  Чунин ярмаркаҳо дар чор ноҳияи пойтахт низ ташкил гардида, то  оғози соли нави хониш фаъолият мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.