Бинои Бонки миллии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе кӯчонида шуда, ҳукумат дар ҷойи он сохтмони боғи навро ба нақша гирифтааст.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи тахриби бинои Бонки миллӣ маълумот нашр шуда, “Азия-Плюс” барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ба шаҳрдории пойтахт ва бевосита ба Бонки миллӣ муроҷиат намуд.

“Беҳтараш ба Бонки миллӣ муроҷиат намоед, онҳо муассисаи ҷумҳуриявӣ буда, ба шаҳрдорӣ тобеъ нестанд.Аз онҳо маълумоти боэътимод дарёфт карда метавонед. Мо чунин маълумот надорем”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе.

Лекин илова карданд, ки воқеъан ҳам дар қаламрави Бонки миллӣ бояд боғи нав сохта шавад, лекин кай бунёд шудани онро саҳеҳ нагуфтанд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор доштанд, ки онҳоро алҳол аз кӯчонида шудани бино огоҳ накардаанд.

“Кай тахриб шудани бинои бонк ва холӣ кардани онро ба мо ҳоло хабар надодаанд. Агар ягон маълумоте дар ин бора пайдо шавад, ҳатман дар ин хусус ба ВАО хабар медиҳем”, - гуфтанд дар Бонки миллӣ.

Ёдрас мекунем, ки овозаҳо дар бораи тахриб шудани бинои ҳозираи Бонки миллии Тоҷикистон кайҳост инҷониб ҷой доранд.

Ҳанӯз соли 2018 Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) паймонкорони ватаниву хориҷиро ба иштирок дар озмун оид ба омода намудани лоиҳаи ангоравии бинои нави на камтар аз 16 ошёнагии бинои нави Бонк даъват карда буд.

Он замон зикр шуда буд, ки бинои нави Бонки миллӣ бояд муосиру ҷавобгӯ ба Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва на камтар аз 16 ошёна бошад.

Сохтмони бинои ҳозираи Бонки миллӣ охири солҳои 80-ум оғоз гардида, нимаи дуюми солҳои 90-ум бинои сохтмонаш нотамомро Бонки миллӣ харидорӣ ва сохтмонашро анҷом дода, охири соли 2005 ба ин бино гузашт.

Бинои ҳозираи Бонки миллӣ дар хиёбони Рӯдакӣ майдони умумии 8,400 метри мураббаъро фаро гирифта, аз панҷ ошёна иборат ва бо таҷҳизоти муосири электронӣ таъмин аст.

Дар он 70 ҳуҷрати корӣ барои 500 нафар кормандони бонк, якчанд толорҳои бузург барои баргузории машварату маҷлисҳо, ҳуҷраи тиббӣ, толори варзишӣ, толор барои истироҳати кормандон ва ошхонаи калон сохта шудааст.

Пештар аз ин бинои Бонки миллии кишвар дар хиёбони Рӯдакӣ рӯ ба рӯи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ буд. Ин бино то ҳол дар ихтиёри Бонки миллӣ қарор дошта, дар он баъзе раёсатҳо фаъолият доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.