Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи то охири моҳи сентябр муайян кардани беҳтарин мутассаддиён оид ба нигоҳубини дарахтони аз хориҷи кишвар воридшуда, ки дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе шинонида шудаанд, қарор ба имзо расонид.

Беҳтарин мутассадиён дар се номинатсия - беҳтарини онҳо дар боғу гулгашт, кӯча ва хиёбонҳо бо мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ба ғолибони ҳар кадоме аз номинатсияҳо 10 ҳазор сомонӣ ва зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 7 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Барои қадрдонӣ ва ҳавасмандсозии голибони озмун аз буҷети шаҳр дар умум 66 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Ба ҳайати комиссияи озмун намояндагони шаҳрдории пойтахт, раисони ноҳияҳои шаҳр ва коршиносони соҳаи экология шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.