Рӯзи 11 август 186 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳо дар Туркия дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати “Сомон Эйр” аз шаҳри Истанбул ба Душанбе баргардонида шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мусоидат ба бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан, ки бар асари пандемияи коронавирус дар кишварҳои хориҷӣ дармондаанд, бо дастури ҳукумати кишвар сурат мегирад.

Гуфта мешавад, қаблан, 26 июл 174 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз кишварҳои дигар барои баргаштан ба ватан ба шаҳри Истанбул омада буданд, бо ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Душанбе оварда шуданд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ наздики 17 ҳазор тоҷикистониён аз хориҷи кишвар (бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ), аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар аз Русия ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.