Нимаи имрӯз беш аз 50 нафар назди сафорати Русия дар Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Қариб ҳамаи онҳо тоҷикистониёне мебошанд, ки шаҳрвандии Русияро ҳам доранд. Онҳо талаб доранд, ки аз Тоҷикистон ба Русия бурда шаванд.

Аксарияти онҳо бо мақсади парвоз бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Русия қаблан дар сомонаи хизматрасонии давлатӣ худро ба қайд гузоштаанд.

Лекин шикоят мекунанд, ки ба ҳеҷ гунае наметавонанд ба ин хатсайрҳо номнавис шаванд. Бисёре аз онҳо аллакай ду моҳ инҷониб навбати худро интизоранд.

Консули Русия дар Тоҷикистон Валерий Катункин назди ҷамъомадагон баромада, хабар дод, ки ба ҳамаи мактубҳои ба сафорат ва консулгарӣ ирсолшуда дар муддати як моҳ посух дода мешавад.

Ӯ қайд кард, ки алҳол алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни кишварҳо барқарор нашудааст ва парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия хеле кам иҷро шуда, ҳамаи шахсони дар сомонаи хизматрасонии давлатӣ сабтшуда бонавбат ба шаҳрҳои Русия парвоз мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз соати 16:00 дар бинои сафорат бо иштироки консули Русия дар Тоҷикистон брифинг баргузор мешавад.

Маълумоти муфассал дар бораи чӣ гуна номнавис шудан ба парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия, арзиши билет ва дигар ҷузъиёти ин масъала дар маводи зерини мо қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.