Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов рӯзи 16 август дар беморхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дод, худи ҳамон рӯз ӯро дар оромгоҳи Лучоб дар Душанбе дафн карданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ахиран марҳум аз бемории диабети қанд азият кашида, чанд рӯз пеш дар бемористон бистарӣ шуд.

Ҷамшед Исмоилов 30 августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудаааст. Баъди хатми мактаби миёнаи шаҳр соли 1973 ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шудааст.

Ҷамшед Исмоилов дорои маълумоти дуюми олӣ бо ихтисоси филологи забон ва адабиёти тоҷик низ мебошад, ки барои гирифтани ин ихтисос ғоибона дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Аввали солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон як муддат ба ҳайси муовини вазири фарҳанг ва иттилоот кор кардааст.

Аввалин суруди маъруфи овозхон “Аз зери чодарат” мебошад, ки то ҳол байни мардум писандида аст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.