Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба оилаҳои серфарзанд аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон кумак карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз пойгоҳи низомии мазкур хабар доданд, ҳарбиёни рус ба сокинони маҳаллаи аҳолинишини Эсамбой, ки аз шаҳри Душанбе 80 километр дуртар воқеъ аст, ёрӣ расониданд.

“Ба сокинони маҳаллӣ анҷому лавозимоти мавриди ниёзи аввал, пойафзол, маҳсулоти ғизоӣ, дигар маводу воситаҳои беҳдошти шахсӣ дода шуд. Ба аъзои аз ҳама хурдсоли оилаҳо бозичаву сумкаҳои мактабӣ ва қанду шириниҳо туҳфа карда шуд”, - қайд карданд дар пойгоҳ.


Дар ҷамъоварии кумаки башардӯстона ва роҳандозии ин иқдоми хайрия аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, ёвари фармондеҳи пойгоҳ оид ба масоили динӣ Роман Чебоненко саҳм гузоштаанд.


“Кумак ба оилаҳои серфарзанд, инчунин хонаводаҳое, ки дар вазъи душвори иҷтимоӣ қарор доранд, барои ҳайати фармондеҳии пойгоҳ анъанаи маъмулӣ аст. Соли равон аз ҷониби низомиёни руси муқими Тоҷикистон ба эҳтиёҷмандон дар маҷмӯъ зиёда 12 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ, сарулибос ва дигар анҷому лавозимоти зарурии рӯзгор дода шуд”, - илова карданд дар пойгоҳ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.