Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ба гумони гирифторӣ ба бемории коронавирус дар Беморхонаи клиникии кӯдаконаи сироятии шаҳрӣ бистарӣ шудааст.

Дар беморхона маълумот дар бораи бистарӣ шудани Мансурҷон Умаровро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

“Мансурҷон Умаров ба гумони гирифторӣ ба коронавирус бистарӣ шуда, ҳозир муолиҷа мегирад, - хабар дод яке аз духтурони беморхона. - Айни замон вазъи солимиаш рӯ ба беҳбудӣ оварда, лекин ҳоло маълум нест, ки кай ҷавоб дода мешавад”.

Ба зангҳои телефонии “Азия-Плюс” Мансурҷон Умаров ҷавоб намедиҳад.

Қаблан Мансурҷон Умаров ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон 11 нафар маҳбусон ва 3 корманди муассисаҳо, ки синнашон аз 50 то 70-соларо ташкил медод, аз бемории илтиҳоби шуш вафот кардаанд.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дидорбиниҳо бо наздикони пайвандон дар ҳамаи зиндонҳои Тоҷикистон то ҳол манъ аст.

Дар ҳамин ҳол, тавре Радиои Озодӣ менависад, моҳи майи имсол Носир Умаров, бародари Мансурҷон Умаров ва корманди ширкати "Барқи тоҷик" дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.