Дар шаҳри Душанбе таҷдиди густурдаи шабакаи оператори навовар ва пешсафи кишвар – ширкати Tcell анҷом ёфт. Мутахассисони Tcell дар пойтахт 60 пойгоҳи базавии стандарти LTE-ро такмил дода, 15 пойгоҳи ҷадид насб карданд.

 Талаботи иртибот дар ин бузургшаҳр (мегаполис) хеле зиёд аст ва ин ҷо теъдоди корбарони диҷитол (рақамӣ), ки ба интернети балансуръат ва босифат ниёз доранд, бисёр мебошанд. Пойтахт қариб ҳар рӯз симои худро тағйир медиҳад: рушди васеъмиқёс идома дорад, биноҳои нави баландошёна сигналҳои иртиботиро мунъакис менамоянд. Ин аст, ки Tcell меъмории шабакаро дар пойтахт мунтазам тағйир медиҳад ва таҷдид мекунад.

Бо такмил додани шабака ва таҷдиди пойгоҳҳои асосӣ, тавонмандӣ ва фарогирии шабака меафзояд, ки ҳамзамон имкони ҳузури муштариёни бештарро дар шабака фароҳам меорад. Барои ҳамеша бо наздикон дар тамос будан ва огаҳӣ ёфтан аз хабарҳо, Tcell Опсияҳои бемаҳдуд: Шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд, Паёмрасонҳои бемаҳдуд ва YouTube-и  бемаҳдудро пешниҳод месозад: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/unlimited-options.php
Tcell шабакаи худро дар саросари Тоҷикистон рушд дода, имкониятҳои нави технологиро фароҳам меорад.

Ширкати Tcell, ки дар ростои пешниҳоди роҳҳалҳои навоварона дар Тоҷикистон мақоми пешоҳангро дорад, дар тамоми қаламрави кишвар шабакаи худро рушд ва такмил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир, ширкати Tcell- бузургтарин оператори бозори мухобироти кишвар, яке аз васеътарин манотиқи пӯшиши шабакаи 4G-ро доро аст.    

   ___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.