Tcell Oila TV – телевизиони мобилӣ аз оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Тсell боз ҳам такмилу тақвият ёфта, барои тамошои шабакаҳои дӯстдоштаи телевизиону филмҳо роҳаттару қулайтар гардид!

Дар Tcell Oila TV бештар аз 1000 филми машҳур дар жанрҳои гуногун барои тамошои хонаводагӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳамчунин, дар сервиси мазкур беш аз 150 шабакаи телевизионӣ бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ дастрас мебошанд.

Ҳангоми таҷдид ва мукаммалсозии ахири манбаъ, барои роҳатии Шумо чанд функсияи нав роҳандозӣ гардид: ҷустуҷӯи филм аз рӯи номи он, тартиб додани феҳрасти филмҳои дӯстдошта, ҷудо кардани филмҳо бар пояи мӯҳтавои онҳо. Яке аз функсияҳои қулайи сервис - "Идомаи намоиш" мебошад, ки тамошои филмро аз ҷои қаблан қатъшуда имконпазир мегардонад.

Ба Tcell Oila TV пайваст шуда, шабака ва филмҳои дӯстдоштаатонро бемаҳдуд ва бе сарфи трафик, ҳамагӣ бо арзиши 1,3 сомонӣ дар як рӯз тамошо кунед!

Боргирии замимаи «Tcell Oila TV»: http://www.onelink.to/tcell-oilatv

Фармони пайвастшавӣ: *7117#

  ___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.