Вазорати маорифи Чин аз пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе “донишгоҳ”-ҳо дар ин кишвар хабар додааст. 

Бино ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми августи соли 2020 сомонаи расмии Агентии иттилоотии «Синхуа» дар мавриди пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе ба ном «донишгоҳ»-ҳо, ки гӯё дар ҳудуди кишвари Чин фаъолият мекунанд, хабар додааст.

Ҳамзамон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ВКХ ва Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Пекин дар такя ба Вазорати маорифи Чин ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Чин хоҳиши таҳсил доранд, мерасонад, ки дар мавриди интихоб ва дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ ҳушёр бошанд.

Вазорати маорифи Чин аз кулли довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таълимии ин кишварро доранд, даъват ба амал овардааст, ки ҳушёр бошанд, то ба доми фиреби «донишгоҳҳои қалбакӣ» гирифтор нашаванд.

“Довталабон бояд қабл аз дархост гузоштану супоридани имтиҳонҳои қабул ба таври онлайнӣ ба торнамои расмии вазорат ва ё торнамои дигар мақомоти дахлдор дар WeChat ворид шуда, дар бораи муассисаҳои таълимии интихобкардаашон маълумоти дақиқ пайдо кунанд,” - таъкид намудааст Вазорати маорифи Чин.

Гуфта мешавад, тамоми донишкадаву донишгоҳҳои дар вазорати мазкур бақайдгирифташуда рамзи истисноии худро доранд, ки шаҳрвандон онро дар торнамоҳои низоми махсуси бақайдгирии довталабон пайдо карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.