20-уми август корбаре аз шабакаи иҷтимоии Facebook маводеро зери унвони «СҶТ даъват кард, ки дигар бо сабаби коронавирус карантин ҷорӣ карда нашавад» («ВОЗ призывает страны больше не вводить карантин из-за коронавируса») равон карда, аз мо дархост намуд, ки дурустии ин хабарро муайян кунем (бойгонӣ).

Хабаргузории «Russian America TV» 18-уми август дар такя ба расонаи укроинии Gazeta.ua навиштааст (бойгонӣ), «Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷаҳонро даъват кардааст, ки бар асари пандемияи COVID-19 дигар карантин ҷорӣ накунанд, ҳарчанд ин созмон талаб намудааст, ки чораҳои маҳдудкунанда бидуни шарт риоя карда шаванд».

Зимни ҷустуҷӯ маълум гардид, ки дар ин бора аксар хабаргузориҳои ҷаҳон, аз ҷумла расонаҳои хабарии Тоҷикистон низ иттилоъ додаанд. Сомонаи расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон (бойгонӣ) низ бо такя ба АМИТ «Ховар» (бойгонӣ) дар саҳифаи худ навиштаанд, ки гӯиё СҶТ даъват кардааст, дигар бо сабаби коронавирус карантин ҷорӣ карда нашавад.

Иқтибос:

«Сарэпидемиологи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Мария Ван Керкхове (ДАР АКС) дар мусоҳиба бо нашрияи бритониёии The Telegraph аз давлатҳои ҷаҳон даъват кард, ки барои мубориза бо коронавирус дубора маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ накунанд,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин кор, ба гуфтаи Керкхове, дар сурати паҳншавии мавҷҳои дуюм ва минбаъдаи коронавирус чандон қобили қабул нест. Чун оқибатҳои иқтисодии маҳдудиятҳо ба андозае манфӣ буданд, ки тамоми бартариҳои мусбати тиббиро ҷуброн карда наметавонад».


Ҳукмнома: Дасткорӣ

Далелсанҷӣ маълум кард, ки СҶТ аз кишварҳои ҷаҳон на дар саҳифаи расмиаш ва на дар иҳзороти охирини намояндагони созмон даъват накардааст, ки аз карантин даст кашанд. Ҳамкорони мо низ аз Stopfake.org дар як маводи худ дасткорӣ будани ин хабарро тасдиқ кардаанд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҳини ҷустуҷӯ тавассути Google муайян шуд, ки эҳтимол, асоси паҳн кардани паёмҳои дасткорӣ мусоҳибаи Мария Ван Керкхове бо нашрияи бритониёии The Telegraph бошад (бойгонӣ). Директори техникии СҶТ ба қавле, ба «локдаунҳои (маҳдудиятҳо,- шарҳи factcheck.tj) маҳаллӣ» диққати махсус медиҳад, ки метавонад авҷи коронавирусро дар баъзе аз минтақаҳо хомӯш созад. Ҳамзамон, қарор дар бораи ҷорӣ кардани ин карантини маҳаллӣ бояд мустақиман аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳо қабул карда шавад. «Локдаун ё маҳдудиятро СҶТ тавсия надодааст, аммо он бояд дар як қатор кишварҳо ҷорӣ карда мешуд, зеро авҷи ин беморӣ хеле зуд афзоиш меёфт. (…) Вале мо умедворем, ки кишварҳо набояд маҳдудиятҳои умумимиллиро дубора ҷорӣ кунанд»,– таъкид кардааст, Ван Керкхове дар мусоҳиба бо The Telegraph.

Ҳатто дар ду брифинги ахири 10 ва 13-уми август, Мария Ван Керкхове борҳо таъкид карда буд, ки риояи тамоми чораҳои бехатарии тавсияшуда барои паҳн накардани Sars-CoV-2, аз он ҷумла карантин ва гӯшанишинӣ то кадом андоза муҳиманд. Бар илова, СҶТ мегӯяд, ки чораҳои мавҷуда оид ба мубориза бо COVID-19 бояд дар якҷоягӣ анҷом дода шаванд.

Ҳамин тариқ, изҳороти Мария Ван Керкхове танҳо умеди ӯ ба натиҷаи мусоидтари пандемияи COVID-19 мебошад, аммо ба ҳеч ваҷҳ даъвати расмии СҶТ ба тамоми кишварҳои ҷаҳон дар бораи даст кашидан аз карантин нест.

Хулоса

Санҷиши мо собит намуд, ки хабари гӯиё Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) даъват кардааст, дигар бо сабаби коронавирус карантин ҷорӣ карда нашавад, «Дасткорӣ» мебошад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!