Рӯзҳои 24-26 августи соли ҷорӣ дар чанде аз минтақаҳои кишвар шиддатёбии вазиши шамол ва ба вуҷуд омадани тӯфони чангу ғубор дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддатнокии то 13-18м/с пешбинӣ мешавад.

“Рӯзҳои 24-26 августи соли ҷорӣ дар мавзеи Айвоҷ, Панҷи поён, ноҳияҳои Панҷ, Рашт, Тавилдара, Файзобод, Дарвоз, Рӯшону Ишкошим, шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Хуҷанд, Бӯстон, Қайроққум ва Хоруғ вазиши шамол бо шиддатнокии то 13-18м/с дар назар аст”, - хабар дода мешавад дар торнамои Агентии обуҳавошиносӣ.

Гуфта мешавад, бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол дар ноҳияҳои болозикр бо истисно аз вилояти Суғд, бавуҷудоии тӯфони чангу ғубор аз эҳтимол дур нест.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр дар назар буда, обуҳавошиносон борони кӯтоҳмуддат пешгӯйӣ мекунанд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 17+19° гарм, рӯзона 33+35 гарм мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16+21° гарм, рӯзона 32+37° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13+19° гарм, рӯзона 26+31° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон обуҳавои бебориш дар назар буда, вале чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 20+25° гарм, рӯзона 34+39° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 17+22° гарм, рӯзона 27+32° гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат бо раъду барқ ва шиддатнокии вазиши шамол то 12-17м/с пешбинӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19+24° гарм, рӯзона 29+34° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12° гарм, рӯзона 19+24° гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои камабри тағйирёбанда, дар ғарби вилоят дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, дар шарқи вилоят - ҳавои аксаран бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18° гарм, рӯзона 28+33° гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8° гарм, рӯзона 17+22° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.