Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки нархи билетҳоро ба парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон арзон мекунад. То кадом андоза, алҳол номаълум аст. Акнун парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия зиёдтар мешаванд.

Дар саҳифаи ширкат дар шабакаи иҷтимоии Facebook қайд мешавад, ки дар робита ба иҷозаи аз Тоҷикистон ба Русия бурдани шаҳрвандони ин кишвар ва мутаносибан қисман таъмин шудани шумори зарурии мусофирон дар ҳавопаймо аз самти Тоҷикистон ба Русия, раҳбарияти ширкати ҳаввопаймоӣ тасмим гирифт, ки арзиши билетҳоро ба ҳамаи хатсайрҳо аз Русия ба Тоҷикистон то 31 август арзон мекунад.

То ин дам муяссар нашуд, ки бо нмояндагони ширкати ҳавопаймоӣ дар тамос шавем, то бифаҳмем, ки нархи билет то кадом андоза поин рафтааст.

Хадамоти матбуоти “Сомон Эйр” хотиррасон мекунад, ки мувофиқи талаботи санитарӣ-эпидемиологии пешгирӣ аз сирояти COVID-19 ҳамаи мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯшак дошта бошанд.

Гуфта мешавад, мусофироне, ки дар онҳо таби баланд ё аломатҳои беморӣ ба мушоҳида мерасад, ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Субҳон Икромзода, роҳбари департаменти авиатсияи граждании ҷумҳурӣ қаблан дар мавриди нархи билетҳо ба парвозҳои чартерӣ изҳор дошта буд, дар парвозҳои чартерӣ ба хароҷот аз 40% илова мешавад.

“Яъне, дар ин ҳолат ҳамаи хароҷот, аз ҷумла барои сӯзишворӣ, аэронавигатсия, хизматрасонии фурудгоҳ ва ғайраро ҳар кадоме аз ширкатҳо бояд ҳисоб кунанд ва мувофиқи нархгузорӣ, ширкатҳо бо иловаи фоидаи муайян барои фаъолияти минбаъда нархи билетро муқаррар мекунанд”, - гуфта буд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.