Дар беморхонаи сироятии Душанбе, ки дар маҳаллаи Зарафшон воқеъ аст, таъмири асосӣ ҷараён дорад. Ин ҷо аллакай як моҳ инҷониб беморонро қабул намекунанд.

Сардухтури беморхона Хуршед Ҳабибов ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки пас аз анҷоми таъмир беморхона бо таҷҳизоти нав таъмин мегардад.

“Бо сабаби ҳолати хеле бади бино ва зерсохтори беморхона, зарурат пеш омад, ки ба корҳои таъмир оғоз кунем, зеро қубурҳои обрасон хеле куҳнаву фарсуда гардида аз онҳо ба девору фарш об ҷорӣ мешуд, - гуфт ӯ. - Аз ин рӯ, дигар беморонро қабул карда наметавонистем”.

Зимнан зикр шуд, ки дар ин ҷо дар як вақт 390 нафар бо муолиҷа фаро гирифта шуда метавонанд.

Тибқи маълумоти дарёфтӣ, айни замон шахсони гумонбар ба сирояти коронавирусро дар Душанбе дар беморхонаи маркази солимии №1 (беморхонаи 1-ум Советский) ва Беморхонаи кӯдаконаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии пойтахт қабул мекунанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи июн муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ба фаъолият бо реҷаи муқаррарӣ баргаштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.