Дар Тоҷикистон ахиран овозхонии сарояндаи ҷавони нобино Иброҳим Исмоилзод писанди ҳамагон мегардад. Таронаҳои ӯро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистону Русия низ гӯш медиҳанд.

Сарфи назар аз нобиноии модарзод, Иброҳим Исмоилзод хатмкардаи Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Консерваторияи миллӣ аст.

Соли равон ӯ ба дарёфти дипломи махсуси фестивали “Тоҷикистон - ватани азизи ман” дар бахши “Иҷрои сурудҳои эстрадӣ” ноли гардид. Таронаи ӯ “Чашми бино” аз шоир Гулназар зери мусиқии оҳангсоз Дилшод Гулов ҳайати ҳакамон ва тамошобинонро мутаассир сохт.

“Пас аз ин дар чанде аз шаҳру навоҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон консерти худро баргузор намудам”, - мегӯяд Иброҳим.

Ба гуфтаи Иброҳим, дар Тоҷикистон китобҳо бо шрифти Брайл, ки барои нобиноён пешбинӣ шудааст, нашр намешаванд ва аз ин рӯ, ӯ тасмим гирифтааст, ки аудиокитобҳо таҳия намояд, то ки шахсони нобино бароҳат аз онҳо истифода баранд, лекин барои ин маблағи кифоя надошта, сарпараст ҷустуҷӯ дорад.

Иброҳим Исмоилзод худро озордида намешуморад: “Нагӯед, ки нобиноям, ман ҷаҳонро бо қалбам эҳсос мекунам. Мисли ман дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Байни онҳо шахсони лаёқатманду боистеъдоде ҳастанд, ки ба ҷомеа нафъ расонида метавонанд”.

Овозхон аз ҳукумати ноҳияи Файзобод, ки худ зодаи он ҷост, кумак дархост дошта, мехоҳад, ки барои оилаи сершумори онҳо, ки дар хонаи волидон зиндагӣ мекунанд, қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷудо кунанд.

“Барои садо додан ба 1 саҳифаи аудиокитоб 4 сомонӣ мепурсанд ва як китоби миёнаи иборат аз 200 саҳифа 800 сомонӣ меафтад”, - мегӯяд ӯ.

Ҳамчунин аз ширкати ТАЛКО ва роҳбари он Шералӣ Кабиров ёрӣ интизор буда, мегӯяд: “Мехоҳам, ки роҳбари ширкат Шералӣ Кабиров аққалан 5 дақиқа маро гӯш диҳад ва бовар дорам, ки мақсади маро хоҳад фаҳмид”.

Дар фарҷоми суҳбат сароянда хоҳиш намуд, ки рақами телефонҳояшро дар мавод нишон диҳем, то ки агар касе дар таҳияи аудиокитобҳо кумак карданӣ бошад, бо ӯ ба осонӣ дар тамос шаванд.

“Аз чунин шахсон хеле миннатпазир хоҳам буд, зеро кумак ба шахсони дармондаву осебпазир беҳтарин кори хайр дониста мешавад”, - илова кард сарояндаи ҷавон.

Рақами телефонҳои Иброҳим Исмоилзод: 93 587 65 43 ё 918 62 61 55.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.