Дар ҷаҳон зиёда аз 4 миллиард сокинони сайёра аз интернет истифода мекунанд. Қисми зиёди онҳо маълумоти гуногун ва хабару гузоришҳоро аз сомонаи ҷустории Google дарёфт намуда мутолиа мекунанд. Аммо бештари истифодабарандагон намедонанд, ки Google аз онҳо маълумотҳои гуногунро ҷамъоварӣ мекунад.

Муассиси WikiLeaks Ҷулиан Ассанҷ гуфта буд: Ширкати кулли Google дар бораи одамон назар ба Агентии Амнияти Миллии ИМА маълумоти бештар ҷамъоварӣ мекунад.

Google метавонад дар бораи шумо бештар аз худатон донад. Ин ба ӯ ба шарофати воситаҳои ҷамъоварии маълумот, омӯзиши мошинӣ ва зеҳни сунъӣ даст медиҳад. Google метавонад маълумоти шахсии Шуморо бо хадамоти амният ё ҳукуматӣ бидиҳад.

Дар ин мавод мо кӯшиш кардем ба Шумо дар бораи чӣ гуна Google маълумоти шахсии шуморо ҷамъ мекунад ва чӣ гуна метавонед онро пинҳон кунед нақл мекунем.

Google шуморо шахсан мешиносад

Маълумоте, ки Google тавассути дархостҳои ҷустуҷӯӣ, Google- таҳлил дар вебсайтҳо ва таблиғот ҷамъ меорад, портрети Шуморо возеҳ ҳамчун як шахс тасвир мекунад. Маълумоти ҷамъоварӣ мекардаи Google ҷинс, синну сол, рақами телефон, ҷустуҷӯҳои охирин, ҷойҳои рафтаи Шумо, шуғли дӯстдошта ва ғайраро дар бар мегирад.

Агар шумо хоҳед, ки таблиғҳои дигарро бубинед, пас метавонед маълумоти шахсӣ ва таблиғоти фардиро бо ёрии танзимоти фардии таблиғот (настройки Персонализация рекламы) дар қисмати маълумоти шахсии Google-аккаунт тағйир диҳед.

Google медонад, ки шумо дар бораи чӣ гап мезанед

Вақте ки шумо ҷустуҷӯи овозиро истифода мебаред, он овози шуморо сабт мекунад. Намояндагони ширкат мегӯянд, ин маълумотро барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ва шинохти овоз ҷамъоварӣ мекунанд. Онҳо онро танҳо бо розигии корбарон сабт мекунад.

Шумо метавонед ҳама овозҳои сабтшударо аз Google Voice Search биёбед ва онро тариқи фармони Google Now ва Google Assistant , бо гузаштан ба банди Назорати овозӣ (Голосовое управление) дар бахши Амалёти ман (Мои действия) –и аккаунти Google пок созед.

Google дӯстони Шуморо мешиносад

Вақте шумо бо дӯстонатон дар Gmail мукотиба мекунед, ҳама тамосҳоятон сабт ва дар хотираи система нигоҳдорӣ мешаванд. Google инчунин медонад, ки кадоме аз онҳо дӯстони наздики шумо ба ҳисоб мераванд.

Бахши Google Contacts сабти онҳоеро нигоҳ медорад, ки шумо бештар мукотиба мекунед. Дар ин бахш, метавонед шахсонеро, ки дигар муошират кардан намехоҳед аз рӯихати дӯстонатон пок созед.

Google дар куҷо будани Шуморо медонад

Агар шумо смартфон ё планшети Android дошта бошед, Google Maps метавонад таърихи сафари шуморо аз рӯи координатҳо пайгирӣ кунад.

Шумо метавонед тамоми таърихи ҳаракатҳоро бинед, боргирӣ намоед ва агар хоҳед онро тоза кунед.

Google медонад, ки шумо чӣ тамошо кардаед

Google дар соли 2006 YouTube-ро ба маблағи 1,65 миллиард доллар харид. Ширкат метавонад дақиқан он чиро, ки шумо дар ин хизматрасонӣ ҷустуҷӯ карда дидаед, пайгирӣ кунад.

Шумо метавонед таърихи пурраи видеоҳоро, ки ҷустуҷӯ кардаед, тамошо кардаед ё овоз додаед, дар бахши YouTube -и аккаунти Google бубинед. Инчунин метавонед танзимоти махфияти аккаунтро он ҷо навсозӣ кунед.

Google дар куҷо ва чӣ ҷустани Шуморо медонад

Google Chrome миқдори зиёд ва аҷиби маълумоти иловагиро дар бораи корбар нигоҳ медорад. Он медонад, ки корбар дар куҷо буд, кадом барномаҳоро истифода мебарад. Маълумоти пурраи корбар ва сайтҳои дӯстдоштаи ӯро ҳифз мекунад.

Дилхоҳ сомонае, ки шумо дидан кардаед, дар барномаҳои Google ва Android нигоҳ дошта мешавад.

Тоза кардани таърихи ҷустуҷӯи худ хеле осон аст, аммо ин маънои онро дорад, ки шумо маълумотро танҳо аз браузер ё барномаи худ нест мекунед. Барои ба тарзи доими нест кардани таърихи худ ва маҳдуд кардани дастрасии оянда ба маълумоти ҷустуҷӯии шумо дастурҳои Google - ро иҷро кунед.

Google қариб ҳама корҳоеро, ки шумо дар телефонҳои Android мекунед, медонад

Google инчунин OC мобилии Android-ро ҳанӯз соли 2005 харида буд. Ҳама гуна дастгоҳи Android ва ҳама амалҳои дар он иҷро мешуда дар Google сабт мешаванд. Google алоқаҳо, сабти зангҳо, паёмҳо, ҷустуҷӯҳои овозӣ, маълумоти ҷустуҷӯ ва барномаҳои боргиришудаи Google Play-ро нигоҳ медорад.

Шумо метавонед дақиқ фаҳмед, ки Google чӣ медонад, чиро пайгирӣ мекунад ва имкон доред онро тавассути филтр дар бахши Амалиёти ман (Мои действия)-и аккаунти Google маҳдуд намоед. 

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!