Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ модернизатсияи шабакаро дар ВМКБ ба анҷом расонид. Дар рафти корҳои техникӣ шабакаи 4G дар шаҳри Хоруғ тақвият бахшида шуда, акнун сокинони маркази вилоят имкон доранд, ки интернети мобилиро бо суръатҳои нисбатан баланд истифода намоянд. Ба ғайр аз ин, дар ноҳияҳои ВМКБ нишондиҳандаҳои сифати фаъолияти шабакаи қаблии 3G такмил дода шудаанд.

Дар давоми моҳҳои тобистон МегаФон Тоҷикистон тавассути ба кор даровардани пойгоҳҳои базавии иловагӣ шабакаи насли чорумро дар шаҳри Хоруғ такмил дод. Ба ин восита теъдоди истифодабарандагоне, ки интернети мобилиро бо суръатҳои баландтарин дар дастгоҳҳои мобилии худ истифода карда метавонанд, зиёд карда шуд.

Дар баробари ин, шабакаи 3G низ инкишоф дода шуд, тариқи он қисми назарраси трафики овозии муштариёни оператор мегузарад. Дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷ пойгоҳҳои нави базавии насли сеюм баҳри зиёдкунии ҳиссаи зангҳои бомуваффақона анҷомёфта ба кор дароварда шуданд.

“Зимни бунёди шабака дар ВМКБ он сохтори “серқабата”-ро ҳосил намуд, зеро мо пойгоҳҳои базавии якчанд насл – аз 2G то 4G-ро ба кор медарорем ва ба манфиати муштариёнамон он стандартҳои алоқаро инкишоф медиҳем, ки сифати беҳтарини интернети мобилӣ ва пайвастагиҳои овозиро таъмин менамоянд. Мутмаинам, ки натиҷаҳои модрнизатсия аллакай намоён мебошанд ва ба баҳои баланди муштариёни ҳам маркази вилоят, ҳам ноҳияҳои дигари вилоят сазовор хоҳанд буд”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим САДОНШОЕВ.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.