Китоби «Горизонты независимости» (Уфуқҳоис истиқлол)-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2020 дар нашриёти “Ирфон” ба табъ расидааст, дар Озмуни XVII байналмилалии «Санъати китоб» соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ҷумҳурӣ, озмуни мазкур чанде қабл дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус тариқи онлайн баргузор шуд. Дар чорабинӣ аз 6 кишвари узви ИДМ, яъне Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 75 китоб мавриди баррасии ҳакакмон қарор гирифт. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муассиса: Нашриёти «Ирфон» ва ҶДММ «Ношир» 5 китоби тозанашри хешро тибқи талаботи озмун манзури ҳакамон гардониданд.

Чорабинии мазкур таҳти роҳбарии Раиси ҳакамони Озмуни XVII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ Владимир Андриевич бо қироати сухани табрикотии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар ифтитоҳ гардид ва тӯли ду рӯз идома ёфт. Иштирокдорони озмун, ки дар толор ва паси экранҳо қарор доштанд, китобҳои беҳтарини кишвари хешро дар шакли электронӣ (рақамӣ) ба ҳозирин муаррифӣ намуданд. Асарҳои манзурнамудаи ноширони тоҷикро намояндаи сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумхурии Беларус Дилафруз Махсумова муаррифӣ намуд.

Ҳакамон, ки намояндагони кишварҳои узви ИДМ буданд, китобҳоро аз рўйи номинатсияҳои «Иттиҳод», «Кишвари ман», «Китоб барои кўдакон ва ҷавонон», «Муколамаи фарҳангҳо», «Илм ва маориф», «Китоби мунаққаш (Арт-книга)», «Китоби дар иттиҳод нашршуда», «Санъати ороиш», «Ғалаба» ва «Шоҳҷоиза» муайян намуданд.

Дар натиҷа ҳамаи панҷ китобе, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Озмуни XVII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ пешниҳод гардида буданд, сазовори ҷоиза гардиданд.

Дар номинатсияи «Кишвари ман» ҷойи сеюм ба китоби Турсунов Н. «История Худжанда». – Худжанд: «Ношир», 2019, дар номинатсияи «Илм ва маориф» ҷойи сеюм ба китоби Абдувалиева Ф.Р. «Учебно-методическое пособие по русскому языку для студентов всех специальностей Худжандского медицинского колледжа». – Худжанд: «Ношир», 2019, дар номинатсияи «Китоби мунаққаш» (арт-книга) ҷойи дуюм насиби китоби Исаев А., Шарифов М. «Таджикистан: Книга-альбом». – Душанбе: «Ирфон», 2019, дар номинатсияи «Шоҳҷоиза» (Гран При) китоби Пешвои муаззами тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон «Горизонты независимости: Книга-альбом». – Душанбе: «Ирфон», 2020 сазовор дониста шуда, бо дипломи махсуси номинатсияи «Кишвари ман» китоби Ҳамрохон З. «Золотая сокровищница таджиков: Фотоальбом». – Душанбе: «Ирфон», 2019 қадр карда шуд.

Аз ҷониби ҳакамон сазовори «Шоҳҷоиза» гардидани китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол», ки бо забони русӣ дарҷ гардидааст, дар радифи чор китоб аз дигар кишварҳои узви ИДМ боиси ифтихори на танҳо ноширони тоҷик, балки кулли мардуми Тоҷикистон мебошад.

Мукофотонидани ғолибони Озмуни XVII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ бо диплом ва ҷоизаҳои Кумитаи Иҷроияи ИДМ дар доираи маросими тантанавии ғолибон дар Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоби Москва (4-7 сентябри соли 2020) ба нақша гирифта шудааст.

Боиси зикр аст, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» аз соли 2004 ин ҷониб бо ибтикори Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашр, савдою тавзеҳи китоб ва умури ноширии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарӣ бо иштироки ноширон ва намояндагони кишварҳои узв баргузор мегардад. Мақсади асосии Озмун дарёфти лоиҳа ва дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи табъу нашр ва тарғиби он дар доираи кишварҳои ИДМ мебошад.

Соли 2018 Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд ва дар он китоби «Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик», иборат аз 2 ҷилд дар радифи китобҳои Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия сазовори «Шоҳҷоиза» гардида буд.

Хотирнишон мешавад, ки озмуни XVII байналмилалии «Санъати китоб» на танҳо яке аз минбарҳои муҳим барои муаррифӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти ноширони кишварҳои узви ИДМ мебошад, балки имрўз онро дар сатҳи ҷаҳонӣ низ эътироф менамоянд.

Таваҷҷуҳи беинтиҳо ва бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фарҳанг ва табъу нашри кишвар ноширони тоҷик ва аҳли адабро вазифадор менамоянд, ки китобҳои аз лиҳози мазмуну муҳтаво волоро бо сифати арзанда ва ба талаботи замони муосир ҷавобгў омода, нашр ва ба хонандагони хушзавқи тоҷик, инчунин ҷаҳониён манзур намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.