Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 36 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, аз 30 апрел то имрӯз аз ин беморӣ 69 кас ҷон бохтааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шумораи умумии гирифторони бемории коронавирус дар кишвар ба 8619 нафар расидааст

Бар пояи омори Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта, 1 сентябр дар Тоҷикистон 36 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, то имрӯз дар мамлакат  7413  (86,0%) гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд.

"Дар як шабонарӯзи охир 83 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд",- омадааст дар хабарномаи вазорат.

Ёдовар мешавем  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави  CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.