Генерал – майор Алихон Раҳмонзода, сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз бемории коронавирус  дар шифохонаи маъруф ба “Якум Советски” шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ худи ҳамон  рӯз 1 сентябр дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Тавре  Нусратулло Маҳмадзода, аз  маркази матбуоти ВКД  ба «Азия Плюс» хабар дод, Алихон Раҳмонзода аз марги нобаҳангом дар синни 62-солагӣ  даргузашт:  "Ӯ се рӯз пеш ба Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов интиқол ёфт.  Дирӯз  ҷон ба ҷаббор супурд.  Алихон Раҳмонзода аз беморӣ сахт ранҷ накашида, марги ӯ марги нобаҳангом буд.

Ба гуфти маркази матбуоти ВКД, Алихон Раҳмонзода яке аз мутахассисони беҳтарин  дар соҳаи худ ба масобаи як генерал буд.

Ёдовар мешавем, Раҳмонзода Алихон Футур – генерал-майори хизмати дохилӣ, 10 феврали соли 1958 таваллуд шуда, аз соли 1987 бо маълумоти  олии ҳуқуқшиносӣ  дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат намудааст. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда,  бо  мукофотҳои ҳукуматӣ: медали «Ҷасорат» сазовор гаштааст.

Ӯ дар соҳаҳои - Ваколатдори оперативии шӯъбаи 3-юми РКҶ ВКД, ваколатдори оперативии шӯъбаи РКД ВКД, ваколатдори оперативии шӯъбачаи ташкилии методии РКҶ ВКД, ваколатдори калони оперативии шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандии РКҶ ВКД, сардори шӯъбаи РМЗҶМ-и ВКД, сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандии РМЗҶМ-и ВКД, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонуни маводи мухаддири ВКД, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, сардори Раёсати корҳои ислоҳии ВКД, муовини вазир, сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия, муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, фармондеҳи Баталёни фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии (3502) Қӯшунҳои дохилии ВКД, командири Баталёни 1 фаврии таъиноти махсуси Қӯшунҳои дохилии ВКД, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!